Латифа
Тоҷик дар кӯдакӣ тоҷик шуданро орзу мекунад. Тоҷик дарро бо пояш мекушояд. Тоҷик метавонад кордро бо нон реза кунад. Вақте, ки тоҷик ба об фаро меравад, тоҷик тар намешавад, об тоҷик мешавад. Тоҷик мисли барзагов боқувват нест, барзагов мисли тоҷик боқувват аст. Тоҷик метавонад оташро бо бензин хомӯш кунад. Торикӣ аз тоҷик метарсад. Танҳо тоҷик метавонад моҳиро ғарқ кунад. Тоҷик кубаи Рубикро дар 0,00007 миллисония бо нохуни лелаи хурди пои чапи даруни пойафзол ҷамъ мекунад. Тоҷик ба пушти сари душман занад, бинии душман мешиканад. Себи айфонро тоҷик газидааст. Тоҷик ду бора то беохирӣ мешуморад. Баҳри мурдаро тоҷик куштааст. Тоҷик ба таксӣ шинад, ронанда пулашро медиҳад. Тоҷикон чунин мегӯянд: «агар бо чатраи наҷот («парашют») паридан тарсӣ, бе чатраи наҷот пар!». Даҳриён ба тоҷик боварӣ доранд. Тоҷик дари осонсаворро («лифт») сахт пӯшидааст. Тоҷик аз қабати 10-ум ба қабати 13-ум афтод. Вақте, ки амрикоиҳо по ба моҳ гузоштанд, дар сатҳи он навишта шуда буд: «ин ҷо тоҷикон буданд».
Comments
Post a Comment
Comments