Камоли Хуҷандӣ
Камоли Масъуди Хуҷандӣ, шоири дӯстдоштаи ман, соли 1321 таваллуд шудааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта, таҳсили улумро дар Самарқанду Шош давом додааст. Пас аз сафари ҳаҷ дар Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт.
Орифи пинҳон зи пайдо хуштар аст,Ганҷро ганҷина маъво хуштар аст.Олами озодагӣ хуш оламест,Эй, дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст.Андар ин пастӣ дилат нагрифт ҳеҷ,Азми боло кун, ки боло хуштар аст.Ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад,Мурғи обиро ба дарё хуштар аст.Хоҷа инкори қиёмат мекунад,3-он, ки имрўзаш зи фардо хуштар аст.Як назар қонеъ шав аз олам Камол,Нахли муминро тамошо хуштар аст.
Ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирон ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он ҷо монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
Дил муқими сӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб.Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,Меҳнати ғурбат надонад хеҷ кас, илло, ғариб.Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.
Соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод, Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.
Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро,Аз ту чун пӯшам, нигоро, дӯст медорам туро.Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷoн шав муқимӣ,Гар дар ин ҷоӣ в-ар он ҷо, дӯст медорам туро.Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,То бад-он рухсору боло дӯст медорам туро.Гар набошӣ дӯстдорам: дӯст дорам ҳамчунон,3-он ки ман бе ин таманно дӯст медорам туро.Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дӯст,Худ мани бедил на танҳо дӯст медорам туро.Гуфтаӣ, Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.
Дар сари қабри Камол байти зерин сабт аст:
Камол аз Каъба рафтӣ бар дари ёр,Ҳазорат офарин мардона рафтӣ.
Аз манбаъҳои озод.

Comments
Post a Comment
Comments