Абу Ҳанифа

Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон (699-767) — олими исломшинос, муассиси мазҳаби ҳанафӣ, ҳамчунин «имоми Аъзам» — бузургтарин имом мебошад. Дар хонаводаи тоҷири бодавлати эронӣ таваллуд шуда, бобояш исломро дар даврони халифа Умар ибни ал-Хаттоб қабул кардааст. Дар байни муаллимону мударрисонаш саҳобагони паёмбар Муҳаммад (ﷺ) низ буданд.

Comments