Рӯдакии Самарқандӣ
Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷаканд дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст.
Эҷодиёти Рӯдакӣ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Ӯ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ "Калила ва Димна"-ро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт боқист.
"Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар."
(аз "Калила ва Димна")
Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдакӣ ба гӯши амир расида, аввал ба дарбори Насри-I Сомонӣ, баъдтар бо ташаббуси Балъамӣ, ки вазир буд, ба Бухоро меравад. Рӯдакӣ дар дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907-914) низ хизмат карда аст. Дар аҳди Насри II нуфузи Рӯдакӣ баланд мегардад. Насри II Рӯдакиро дӯсти наздики худ хонда, ба куҷоҳое, ки мерафт, ҳамроҳаш мебурд.
"Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд."
Барои шеъру ғазали пурмазмуни ӯ сарлашкарону ҳокимон ва худи шоҳ инъоми зиёд медоданд. Дар гуфтани шеър ба дараҷае расида буд, ки касе ба ӯ баробар шуда наметавонист. Балъамӣ гуфтааст, ки дар Арабу Аҷам мисли Рӯдакӣ шоире нест.
"Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ."
Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ дар қасидаи "Модари май" ишораҳо дорад. Хонадони Сомониён дар аввали ҳукумронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Ахмад (914- 943) таасуб ва хурофоти мазҳабӣ хеле авҷ гирифт. Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷӯи марказгурез ва ривоҷу ҳуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хидмат кардааст:
"Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ."
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавониста, молу мулки ӯро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди се сол, яъне соли 941, Рӯдакӣ аз олам гузашт.
"Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ."
(Рашидии Самарқандӣ)
![]() |
| Мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷаканд |
Устод Рӯдакиро дунё ҳурмату эъзоз карда, дар бисёри кишварҳо ба ӯ муҷассамаҳо гузошта шудааст. Танҳо дар ватани ӯ пайкараи зебои биринҷиро гирифта партофта, дар ҷое бо номи "махавхона" як бетони хунуки ба обрӯи одамушшуаро ноарзанда мегузоранд...



Comments
Post a Comment
Comments