Posts

Showing posts from June, 2023

Мафкураи ғолибон

Агар ҳар рӯз ба кӯдак "ту тарсончак, хиёнаткор, иродаат заиф" гӯед, дар натиҷа ӯ тарсончак, хоин, иродааш заиф ба воя мерасад... Он вақте, ки туркҳо Чингизу Темурлангу дигар истилогарони муғулро қаҳрамони худ месозанд ва ба насли нав рӯҳияи ҳукмронро ҷалб мекунанд, мо дар интернет ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз хушомадгӯӣ, хоинӣ ва заъифии миллати худ ҳарф мезанем, дар ғам ғарқ мешавем. Пас ҳайрон мешавем, чаро фарзандони мо дар фанни ҳувият ва худшиносӣ хеле сустанд. Бояд аз ин кори нангин даст кашем ва дар бораи Куруши Кабир, Дориюш, Исмоил Сомонӣ, Темурмалик, Аҳмадшоҳ Масъуд ва дигар қаҳрамонҳои миллати эронинажод қиссаҳо бигӯем, то фарзандони мо аз тоҷик будан фахр бикунанд. Тоҷик шоир ва нависанда аст, аммо дар вақти лозима метавонад сахтгир ҳам шавад.

قیشراق و دهه Қишлоқ ва деҳа

Image
 قیشلاق واژه ای ترکی که از «قیش» (زمستان) و پسوند «-لاق» (-دن، -ی) تشکیل شده و به معنای «زمستاندن» یا «زمستانی» است. ترکان بادیه‌نشین که با چهارپایان خود در یک جا زندگی نمی کردند در زمستان های سرد یک جا را مقیم کرده می زیستند و آن را «قیشلاق» می گفتند. پارسی اش «دهه» می باشد، زاده دهه «دهاتی» می شود. "Қишлоқ" вожаи туркӣ буда, аз "қиш" (зимистон) ва пасванди "-лоқ" (-дан, -ӣ) иборат аст ва маънои "зимистонидан" ё "зимистонӣ" дорад. Туркҳои бодиянишин, ки бо чорвои худ як ҷо намезистанд, дар замистонҳои сард ягон ҷоро муқим карда менишастанд ва он ҷойро "қишлоқ" меномиданд. Порсиаш "деҳа" буда, зодаи деҳа "деҳотӣ" номида мешавад.