Телеграм ё Вотсап?
Ба онҳое, ки аз коднависӣ хабар надоранд, якчанд далелҳо дар бораи ин ду паёмрасонҳо:
- Телеграм ҳама навиштаҳои мову шуморо дар серверҳои худ захира мекунад. Ин гуфтагеш, маълумотҳо метавонанд бо ҳар мақсад истифода шаванд, ҳатто манзури амният бошанд;
- танҳо гуфтугӯҳои махфӣ ("секретный чат") бехатар мебошанд ва онро бояд барои ҳар як гуфтугӯ махсусан фаъол кард, вагарна онҳо махфӣ нестанд. Гуфтугӯҳои оммавӣ (гурӯҳҳо, шабакаҳо) ин имконро надоранд. Яъне, онҳо дар серверҳои Телеграм захира мешаванд;
- дар Вотсап ҳама навиштаҳо танҳо дар телефонҳои ду тараф (махфӣ) захира мешаванд, ҳоҷати чизеро махсусан фаъол кардан нест. Дар гурӯҳҳо ҳамчунин;
- идораи Телеграм имрӯз дар Аморати Муттаҳидаи Араб (Дубай) ҷой гирифтааст, он ҷо – ватани дуюми Рамзан Қодиров буда, ҷосусони рус низ он ҷо муқим астанд. Агар Дуров (асосгузори Телеграм) дар асл бадбини амниятиҳо мебуд, ӯро кайҳо дар он ҷо нест мекарданд. Ин ҳамааш (муқовимати Дуров зидди амнияти русӣ) – тамошо барои одамони содда мебошад.
Паёмрасоне (мессенджер) нест, ки тамоман софу поквиҷдон бошад, ҳамаи онҳо бо ин ё он қувваҳои махсусӣ ҳамкорӣ мекунанд. Лекин, аз рӯи мантиқи оддӣ бигирем: бигузор, Телеграм – ба амнияти Русия (=амнияти Ӯзбекистон/Тоҷикистон/Қазоқистон), Вотсап – ба амнияти Амрико вобаста бошад. Ба ману шумо кадомаш бехатар аст? Албатта оне, ки аз ҷои зисти мо дуртар аст (дасташон намерасад).
Comments
Post a Comment
Comments