Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ (Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид, 1141-1209) — шоир ва муттафаккири адабиёти порсу тоҷик, бунёдгузори мактаби хамсанависӣ («Махзан ул асрор», «Хусрав ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар», «Искандарнома»).
Аҷдоди падарии Низомӣ аз аҳли Қуми Эрон буда, модараш аз деҳоти атрофи Ганҷа ва ба қавли худи шоир «раисаи курд» буд.
همه عالم تن است و ایران دل
نیست گوینده زین قیاس خجل
چون که ایران دل زمین باشد
دل ز تن به بود یقین باشد
Ҳама олам тан асту, Эрон — дил,
Нест гӯянда з-ин қиёс хаҷил.
Чун ки Эрон дили замин бошад,
Дил зи тан беҳ бувад, яқин бошад.
Дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум гашта, тарбия ва сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ӯҳда гирифт.
آن روز که هفت ساله بودی
چون گل به چمن حواله بودی
و اکنون که به چارده رسیدی
چون سرو بر اوج سرکشیدی
غافل منشین نه وقت بازیست
وقت هنر است و سرفرازیست
دانش طلب و بزرگی آموز
تا به نگرند روزت از روز
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ ҳеҷ гоҳ турк набуд ва ба забони туркӣ мисрае эҷод накардааст. Ӯ ҳамчунин дар ин бора дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» навиштааст:
ترکی صفت وفای ما نیست
ترکانه سخن سزای ما نیست
آن کز نسب بلند زاید
او را سخن بلند باید
Туркӣ сифати вафои мо нест,
Туркона сухан сазои мо нест
Ҳар к-аз насаби баланд зояд
Ӯро сухани баланд бояд.
Аз манбаъҳои озод

Comments
Post a Comment
Comments